Санаи 29 июли соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав нишасти матбуотии Раиси ноҳияи Шаҳринав, муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф, бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма, муовини якум, муовинон ва роҳбари…
Санаи 29 июли соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав нишасти матбуотии Раиси ноҳияи Шаҳринав, муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф, бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма, муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони корхонаю ташкилот, муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардид.
Зимни нишаст раиси ноҳия оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳринав дар нимсолаи якуми соли 2026, корҳои ободониву созандагӣ, омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва дигар самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Ҳамчунин, намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва рушди инфрасохтори ноҳия саволҳо пешниҳод намуда, ба ҳамаи онҳо аз ҷониби раиси ноҳия ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда дода шуданд.
Дар фарҷоми нишаст таъкид гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ҳамкории судмандро бо воситаҳои ахбори омма минбаъд низ густариш дода, барои таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дастрасии ҷомеа ба иттилооти саҳеҳ тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад намуд.