Қобили тазаккур аст, ки санаи 20-уми ноябри соли 2025 бо ибтикори Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав дар деҳаи Бӯстони Ҷамоати деҳоти ба номи Акрам Ҳасанов ва кӯчаи А. Зоҳидови Ҷамоати шаҳраки ба номи М.Турсунзода, ҳамзамон дар бозори "Панҷшанбе"-и ҳудуди ин ҷамоатҳо вохӯриву корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини прокурори ноҳияи Шаҳринав, мушовири адлияи дараҷаи 3 Сорбони Шодмон бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, масъулони Шабакаҳои Таъминоти барқ бо фаъолону сокинон суҳбати озоду шаффоф анҷом доданд.
Қобили зикр аст, ки масъалаи меҳварии мулоқот ин аз пешгирии истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи истифодаи оқилонаву самараноки нерӯи барқ иборат буд.
Ҳамчунин, зимни баргузории вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки истифодаи ғайриқонунӣ, талаф ва дуздии нерӯи барқ аз ҷониби аҳолӣ амали хилофи қонун буда, тибқи талаботҳои нави Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои чунин кирдор ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст, фаҳмондадиҳӣ карда шуд.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузор намудани чунин мулоқот ин пеш аз ҳама огоҳӣ ва пешгирии қонуншиканӣ буда, аз сокинон даъват ба амал карда мешавад, ки дар самти риояи истифодаи нерӯи барқ ва мутобиқ ба талаботи қонун истифода намудану сари вақт пардохти маблағи барқро тақозо намуда ва дар таъмини амнияти энергетикии кишвар саҳмгузор бошанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин аз ҷониби Прокуратураи ноҳия вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ низ фаҳмондадиҳӣ намуда, дар ин ҷода дастуру тавсияҳои судманд дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамчунин, аз ҷониби Прокуратура ва намояндагони Ширкати «Барқи Тоҷик» дар ноҳия ба саволу дархост ва пешниҳодҳои шаҳрвандон дар бораи тартиби хизматрасонӣ, қоидаҳои истифодаи таҷҳизоти барқӣ ва тартиби муроҷиат ҳангоми пайдо шудани мушкилот ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки Прокуратураи ноҳияи ҳамеша омода аст, ки шаҳрвандонро қабул намуда, арзу шикоятҳои онҳоро баррасӣ намуда ва дар ҳалли саривақтии мушкилоту масоили ҳуқуқии онҳо расидагӣ намояд.
Хотирнишон месозем, ки чунин вохӯриву мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар дигар маҳаллу деҳоти ноҳия низ баргузор карда мешавад.