7 октябр дар шаҳри Арушаи Танзания дар ҳошияи 153-юмин Ассамблеяи Иттиҳоди байнипарламентӣ вохӯрии ҳамоҳангсозии роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид.
Вохӯриро Шохмурод Рустам, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон ҳусни оғоз бахшид ва раисӣ кард.
Дар ҷаласа намояндагони парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) ва Дастгоҳи Ассамблея иштирок намуданд.
Дар доираи банди якуми рӯзнома татбиқи афзалиятҳои раёсати Федератсияи Россия дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар соли 2026 баррасӣ шуд.
Иштирокчиён масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти сиёсати берунии ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД)-ро дар Иттиҳоди байнипарламентӣ баррасӣ намуда, масъалаҳои мубрами Ассамблеяи 153-юми ҷории Иттиҳоди байнипарламентиро муҳокима карданд.
Вохӯрӣ дар фазои созанда доир гардида ба ҳайатҳо имкон дод, ки мавқеъҳои худро оид ба масъалаҳои калидии рӯзномаи байналмилалии парлумонӣ мувофиқа созанд.