Имрӯз таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид карданд, ки имрӯз мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ - забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гиромӣ дошта, Рӯзи забони давлатиро бо тантана таҷлил менамоем.
Мусаллам аст, ки забон муҳимтарин рукни ҳастии миллат, омили таҳкими худшиносии миллӣ ва воситаи асосии нигоҳдории таъриху фарҳанги халқ мебошад.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз ва рушди забони давлатиро ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ муайян менамояд.
Имрӯз дар заминаи сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз аркони муҳимми давлатдорӣ дар роҳи рушду такомул қарор дорад. Роҳбари давлат забонро чун кафили ҳастии миллат дониста, дар самти устувор намудани мақоми ин арзиши олии миллӣ якчанд ташаббусҳои саривақтӣ ва муҳимро дар амал татбиқ намуданд.
Бахусус, дар даврони Истиқлолият барои таҳкими мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ заминаҳои муҳимми ҳуқуқӣ ва ташкилӣ фароҳам оварда шудаанд.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав соли 2009 яке аз қадамҳои асосӣ дар ин самт ба шумор меравад. Таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи забон, таърих, фарҳанг ва худшиносии миллӣ ба рушди сиёсати забонӣ ва баланд гардидани мақоми забони давлатӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Дар ин муддат, бо дар амал татбиқ гардидани сиёсати воқеан миллӣ вобаста ба гиромидошти забони тоҷикӣ бо сарварии Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши забони давлатӣ ҷиҳати корбурд дар тамоми соҳаҳо бахусус дар минбарҳои созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба маротиб меафзояд.
Сарвари давлати мо дар сатҳи байналмилалӣ бо ташаббусу пешниҳодҳои ҷаҳонӣ забони моро муаррифӣ намуда, онро ба забони сулҳу субот ва беҳсозии зиндагии мардумони ҷаҳон мубаддал гардонида истодаанд.
Имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз минбарҳои баландтарини дунё, аз ҷумла созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, садо медиҳад. Ба шарофати сиёсати дурбинонаву ояндасози Пешвои фарҳангпарвари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони муосир ҷаҳониён миллати моро бо номи тоҷик, давлатамонро бо номи Тоҷикистон ва забонамонро бо номи забони тоҷикӣ мешиносанду эҳтиром мегузоранд.
Сипас, раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҷавҳарӣ Муҷибахон, узви Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Шамшерзода Комилҷон, муовини мудири шуъбаи кадрҳо ва коргузории махсус Нуруллозода Занҷирамо суханронӣ намуда доир ба таърих, ташаккул ва рушду ғановати забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, паҳлуҳои гуногуни ин масъала маърӯзаву баромадҳо намуданд.