Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавии ташкилоти ибтидоии «Қонунгузор» бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғози маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии «Қонунгузор» ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, таъкид кард, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ, фарҳанг ва худшиносии миллии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.
Зикр гардид, ки ҳифзу гиромидошт ва рушди забони давлатӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар буда, дар ин самт саҳми сохторҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбӣ низ муҳим мебошад.
Сипас, Қурбонзода Убайдулло, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Ҷӯрахонзода Ҷумахон роҳбари дастгоҳ, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди фарҳанг ва болоравии худшиносии шаҳрвандон нақши муҳим дорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби масъулини ҳизби шаҳриву ноҳиявии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба як қатор фаъолон ифтихорнома ва сипосномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.