Бо роҳнамоӣ ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои бунёдкориву созандагӣ дар кишвар вусъати тоза гирифта, рушди соҳаи энергетика ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ пайваста тақвият меёбад.
Дар доираи ин раванд тибқи дастури Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Роғун сафар намуда, аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» боздид карданд.
Зимни боздид меҳмонон бо рафти корҳои бунёдӣ, пешрафти сохтмони иншооти неругоҳ ва аҳамияти он дар таъмини истиқлоли энергетикии кишвар аз наздик шинос шуданд.
Таъкид гардид, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз бузургтарин иншооти энергетикии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар рушди иқтисоди миллӣ, афзоиши иқтидори энергетикӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои рушди минбаъдаи кишвар нақши муҳим дорад.
Вакилони Маҷлиси намояндагон зимни суҳбат иброз доштанд, ки пешрафти корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» барои ҳар як шаҳрванди ватандӯст мояи ифтихор буда, татбиқи ин тарҳи бузурги миллӣ ба рушди минбаъдаи Тоҷикистони азиз мусоидат хоҳад кард.
Боздиди ҳайати Маҷлиси намояндагон аз НБО «Роғун» бозгӯи таваҷҷуҳ ба корҳои созандагӣ ва дастгирии ташаббусҳои муҳими миллӣ дар самти рушди соҳаи энергетикаи кишвар мебошад.