Рӯзҳои 29 - 30 сентябри соли 2026 дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Ҳамсояҳо ба хотири сулҳ: ҳамкории минтақавӣ оид ба Афғонистон» баргузор гардид, ки дар он Вакили Маҷлиси намояндагон, узви Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Аҳмадзода Бахтиёр иштирок ва суханронӣ намуд.
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қисми ҷудонашавандаи фазои минтақавӣ буда, сулҳ, субот ва рушди устувори ин кишвар бевосита бо амният ва некӯаҳволии давлатҳои ҳамсоя ва минтақа дар маҷмуъ алоқаманд мебошад.
Мо бар он назарем, ки сулҳи устуворро танҳо тавассути тадбирҳои амниятӣ таъмин кардан имконнопазир аст. Он ҳамчунин рушди иқтисодӣ, тавсеаи савдо, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, рушди маориф, инфрасохтор ва робитаҳои нақлиётӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолиро тақозо менамояд.
Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба шарофати мавқеи ҷуғрофии худ метавонад дар рушди ҳамбастагии минтақавӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ нақши муҳим дошта бошад. Татбиқи лоиҳаҳои нақлиётӣ, энергетикӣ, тиҷоратӣ ва инфрасохторӣ ба манфиатҳои дарозмуддати ҳамаи кишварҳои минтақа ҷавобгӯ буда, метавонад ба фароҳам овардани шароити иловагӣ барои рушди иқтисодӣ ва таҳкими эътимоди мутақобила мусоидат намояд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу субот арзиши хоса дорад. Бо такя ба таҷрибаи таърихии худ, кишвари мо пайваста ҷонибдори ҳалли ихтилофот бо роҳҳои осоишта ва сиёсиву дипломатӣ, рушди фарҳанги муколама ва таҳкими эътимоди мутақобила мебошад. Маҳз дар ҳамин замина бояд ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» арзёбӣ гардад. Сарвари давлат ин ташаббусро дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуда, зарурати муттаҳид сохтани талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба хотири сулҳ, амният, субот ва рушди устувор таъкид намуданд. Мазмун ва ҳадафҳои ин ташаббус бо мавзӯи конфронси имрӯза ҳамоҳангии хосса доранд. Сулҳ бояд на танҳо ҳамчун набудани низоъ арзёбӣ гардад. Сулҳ пеш аз ҳама фароҳам овардани чунин шароитест, ки давлатҳо ва халқҳо тавонанд рушд кунанд, ҳамкорӣ намоянд ва ояндаи худро дар асоси эҳтироми мутақобила, эътимод ва масъулият дар назди наслҳои минбаъда бунёд созанд. Дар ин раванд ба парламентҳо нақши муҳим мансуб аст. Дипломатияи парламентӣ механизмҳои анъанавии муносибатҳои байнидавлатиро пурра намуда, имкониятҳои иловагиро барои мубодилаи ошкорои афкор, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва пайдо намудани нуқтаҳои муштарак фароҳам меорад,- изҳор дошт Аҳмадзода Бахтиёр.