Имрӯз дар Маҷлиси намояндагон бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо ибтикори Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот мизи мудаввар дар мавзуи «Рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар кори мизи мудаввар, инчунин, вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва масъулони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон иштирок намуданд.
Дар ҷаласа нақши дипломатияи парламентӣ дар таҳкими муколамаи сиёсӣ ва рушди робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи байнипарламентӣ, инчунин масъалаҳои такмили қонунгузорӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, пешбурди ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии дастовардҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Зимни муҳокима ҳамчунин ба нақши занон дар дипломатияи парламентӣ, рушди ҳамкориҳои байнипарламентӣ, рақамикунонӣ ва ташаккули заминаҳои ҳуқуқии ҷомеаи рақамӣ, инчунин ба аҳамияти тасвиби созишномаҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Таъкид шуд, ки дар шароити тағйирёбии босуръати муҳити байналмилалӣ дипломатияи парламентӣ ба яке аз роҳҳои муҳимми рушди муколама, таҳкими эътимод ва густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ табдил ёфтааст.
Парламентҳо тавассути робитаҳои мустақим, гурӯҳҳои дӯстӣ, созмонҳои байналмилалии парламентӣ ва мубодилаи таҷрибаи қонунгузорӣ метавонанд ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат намоянд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар вобаста ба такмили фаъолияти байналмилалии Маҷлиси намояндагон ва рушди минбаъдаи дипломатияи парламентӣ пешниҳоду тавсияҳо қабул гардиданд.