Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Файзалӣ бо Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Туреханов Валихан Амирханули мулоқот намуд.
Зикр шуд, ки муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор гардида, аз моҳи июни ҳамон сол намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар ин кишвар ба фаъолият шуруъ кард. Намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Душанбе аз соли 1998 фаъолият дорад.
Қобили қайд аст, ки аз оғоз ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистону Қазоқистон дар фазои мутақобилан судманд ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифта, айни ҳол дар ҳоли рушду инкишофи сатҳи баланд қарор дошта, ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд. Дар баррасии масъалаҳои муҳимми дорои моҳияту аҳаммияти байналмиллалӣ ва минтақавидошта мавқеи ҷонибҳо ҳамоҳанг буда, тарафҳо асосан мавқеи наздик ё ба ҳам мушобеҳ доранд.
Алҳол асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистонро беш аз 75 санад ташкил медиҳад. Санадҳои мазкур асосан фарогири самтҳои муҳимми ҳамкориҳо, аз ҷумла, сиёсию иқтисодӣ, сармоягузорию андозбандӣ, бонкӣ ва гумрукӣ, инчунин ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ буда, густариши фаъолонаи муносибатҳои минбаъдаро таъмин менамоянд.
Асоси ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистонро соҳаҳои саноати сабук, металлургияи ранга, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва бахши кишоварзӣ ташкил медиҳад. Тоҷикистон ба Қазоқистон электроэнергия, пахта, алюминий ва анвои мухталифи маҳсулоти кишоварзиро содир намуда, аз ин кишвар гандум ва маҳсулоти он, маҳсулоти нафтӣ, оҳан ва нуриҳои минералӣ ворид менамояд.
Бо сармояи Қазоқистон дар Тоҷикистон беш аз 50 корхонаҳои муштарак фаъолият доранд. Ҳамкориҳои дуҷониба соҳаҳои тиҷорат ва иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, муҳоҷирати меҳнатӣ, маориф ва илм, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ, нақлиёт ва ҳифзи муҳити зистро дар бар мегирад.
Ҳамдигарфаҳмию ҳамоҳангсозии мавқеъҳои ҳарду давлат, ҳамчунин дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз қабили СММ, ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС), СААД ва СҲШ дар шакли ҳамкории зич ифода мегардад.
Бо мақсади рушду таҳкими муносибат ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни кишварҳоямон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ таъсис дода шуда, фаъолияти назаррас дорад.