27.09.26. Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҳайати меҳмонон-иштирокчиёни ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки рӯзҳои 24-26 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, аз Қалъаи Ҳисор боздид ба амал оварданд. Ба меҳмонон доир ба таърихи Қалъа маълумоти илмиву этнографӣ манзур карда шуд. Гуфта шуд, ки ин қалъа дар шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад, Он зиёда аз 2500 сол қабл тариқи дастӣ сохта шудааст. Қалъа аз се қисм иборат аст. Қисми баландии он қароргоҳи беку амирон, қисми дуюм, яъне поёнӣ — уштурхона ва қисми асосии онро аскархона ташкил медиҳад. Атрофи Қалъаи Ҳисор бо девори баланди кунгурадори муҳофизатӣ иҳота шуда, баландиаш аз сатҳи болои қалъа 3,5 метр, рӯйи девор 10 метр паҳнӣ доштааст. Ба Қалъаи Ҳисор танҳо бо воситаи дарвоза даромадан мумкин будааст. Дарвозаҳои он дар асри 16 сохта шуда, имрӯз пурра таҷдид карда шудааст.
Пас аз истило шудани осиёи Миёна аз тарафи Русияи подшоҳӣ дар охири асри XIX шартномаи тобеияти аморати Бухоро, аз ҷумла бекигарии Ҳисор бо империяи Русия муқаррар карда шуд. Тоҷирон, сайёҳон, олимон, таҳқиқотчиён, мансабдорон ва ҳарбиёни Русияву Аврупо дар ҳамаи бекигариву амлокдорӣ ҳуқуқи озодона савдо кардану кору таҳқиқот бурданро пайдо намуданд. Ба аврупоиён ганҷинаи пурасрори Ҳисори Шодмон дар соли 1875 аз ҷониби «Экспедитсияи Ҳисор» маълум гардид. Акнун онҳо ба ин диёр омада оид ба омӯзишу таҳқиқи рустаниву ҳайвонот, обҳои табииву конҳои пурасрор, захираву манбаъҳои зеризаминӣ, сиёсату маданият ва вазъи зиндагии мардуми одӣ машғул мешуданд.
Меҳмонон, инчунин, аз масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ба номи Абуҳанифа Имоми Аъзам Нуъмон ибни Собит боздид ба амал оварданд. Шиносоӣ бо таъриху фарҳанг, Маҷмааи «Истиқлол» ва маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол», боздид аз маконҳои таърихиву дилфиреби кишвар ба меҳмонон ҳузуру ҳаловати тоза бахшид.