26.09.26 Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Файзалӣ бо Котиби генералии Ассамблеяи Парлумонии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ мулоқот намуд.
Идизода Файзалӣ зикр кард, ки вазифаи мо – вакилони парламентҳо аз он иборат аст, ки бо истифода аз имкониятҳои дипломатияи парламентӣ ба аз байн бурдани монеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, густариши робитаҳои байни халқҳо ва таҳкими фарҳанги сулҳ мусоидат намоем.
Мо миннатдори худро ба Шумо ҷаноби Муҳаммадризо Маҷидӣ барои баргузории ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз сохторҳои калидии Ассамблея дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баён менамоем ва боварӣ дорем, ки ин рӯйдоди муҳим дар самти ҳамкориҳои байнипарламентӣ ва рушди парламентаризми минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд. Зеро дар ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё масъалаҳои ҳифзи гуногунрангӣ ва мероси фарҳангӣ, рушди инсонӣ, тандурустӣ, иштироки занон дар фаъолияти парламентӣ, ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакону ҷавонон, муколамаи байнидинӣ, сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои дорои аҳаммияти иҷтимоию фарҳангӣ мавриди муҳокима қарор дода шуда, аз натиҷаи он қатҳномаҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои гуногунҷанба, бахусус ҳамкориҳои байнипарламентӣ диқққати хос дода, иброз менамоем, ки фаъолияти мо дар Ассамблея ба густариши робитаҳои байнипарламентӣ, мусоидат ба сулҳу субот, рушди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин табодули таҷрибаи қонунгузорӣ байни кишварҳои аъзо равона гардидааст, -изҳор намуд Файзалї Идизода.
Дар мулоқот ҳамчунин қайд гардид, ки бо пуштибонӣ аз ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳо ва “Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро дар Душанбе қабул намуд, ки боиси ифтихори тамоми мардуми Тоҷикистон аст.
Баъд аз анҷоми мулоқот ҷаноби Муҳаммадризо Маҷидӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш аз бинои нави парлумони Тоҷикистон боздид ба амал оварда, таасуроти нек бардоштанд.