Имрӯз мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷавҳарӣ Муҷибахон ва Азиззода Ғайрат бо ҳайати Милли Маҷлисии Ҷумҳурии Озорбойҷон Ризван Набиев ва ҳайати ҳамроҳонаш, ки барои иштирок дар ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи Парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, баргузор гардид.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон ва Озорбойҷон дорои таъриху фарҳанги муштарак мебошанд ва равобиту дӯстии ду миллат аз таърихи хеле қадим пайванд ёфтааст. Равобити дӯстии ду кишвар солҳои охир хусусияти стратегӣ касб намуда, ҳамкории байнипарлумонӣ яке аз самтҳои муҳимми таҳкими ин муносибатҳо ба ҳисоб меравад. Парлумонҳои кишварҳои мо дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо, инчунин дар фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба нақши муҳим доранд. Парламенти Тоҷикистон ба таҷрибаи Озорбойҷон дар соҳаи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи зиёд дорад. Масъалаҳои рушди неруи инсонӣ, дастгирии оила, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди маориф ва тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин фароҳам овардани имкониятҳои нав барои ҷавонон барои кишварҳои мо аҳаммияти муҳим доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Озорбойҷон аҳаммияти хос медиҳад. Роҳбари гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагонбо парлумони Озорбойҷон Азиззода Ғайрат аз ҷумла қайд намуд, “мо омодаем минбаъд низ ҳамкории гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии ду кишварро таҳким бахшем”.