Имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи Парлумонии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Қатарро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки робитаҳои Тоҷикистону Қатар бар пояи эҳтироми мутақобила ва манфиатҳои муштарак рушд ёфта, дар солҳои охир ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳанг, маориф ва сайёҳӣ густариш ёфтаанд.
Ҷонибҳо нақши муҳимми дипломатияи парламентӣ ва гурӯҳҳои дӯстӣ-ро дар таҳкими робитаҳои байни ду кишвар таъкид намуда, зарурати идомаи табодули таҷриба, баргузории вохӯриҳои байнипарлумонӣ ва ҳамкории муштарак дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро қайд карданд.
Ҳамчунин, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, таҳкими робитаҳои байни ҷавонон, занон ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, истифодаи имкониятҳои мавҷуда барои табодули таҷрибаи қонунгузорӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории судманд ва таҳкими робитаҳои дӯстона миёни парламентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар изҳор намуданд.