Тавре қаблан хабар дода будем, рӯзҳои 24-26 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе бори нахуст ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи Парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Дабири кулл ва котиботи Ассамблеяи парламентии Осиё, роҳбарону ҳайатҳои парламентии зиёда аз 20 давлати аъзои созмони бонуфуз иштирок намуданд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо имрӯз ҳайати меҳмонон аз бинои нави парлумони Тоҷикистон боздид ба амал оварданд. Тарҳу санъати нақошии бино, залҳои барҳаво пазироии тоҷикона ва самимӣ ба меҳмонон ҳузуру ҳаловати тоза бахшид.
Ҷаласа таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи доимӣ имконият фароҳам меорад, ки кишвари мо дар пешбурди масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти Кумита, наздик намудани мавқеи парламентҳои кишварҳои аъзо ва таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ саҳми фаъол гузорад.
Баргузории ҷаласа дар кишварамон идомаи иштироки фаъоли Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти Ассамблеяи парламентии Осиё буда, ба таҳкими муколамаи байнипарламентӣ, тавсеаи ҳамкории кишварҳои Осиё ва баррасии муштараки масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ мусоидат менамояд.
Сайру саёҳати меҳмонон, шиносоӣ бо таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик ва боздид аз мавзеъҳои таърихии кишварамон идома дорад.