Имрӯз муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷуиҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён бо роҳбари гурӯҳи парлумонии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ассамблеяи парлумонии Осиё Иброҳим Ризоӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш мулоқот намуд.
Зикр шуд, ки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз дар сатҳи баланди сиёсӣ қарор дошта, ба шарофати таваҷҷуҳи доимии роҳбарони ду давлат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён – дар самтҳои гуногун пайваста рушд меёбанд.
Қайд гардид, ки мо ба рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми таҳкими робитаҳои дуҷониба аҳаммияти хос медиҳем. Парлумонҳои ду кишвар дар масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ мавқеъҳои наздик дошта, дар доираи созмонҳои байналмилалии парлумонӣ, аз ҷумла Ассамблеяи Парлумонии Осиё, ҳамкории судмандро ба роҳ мондаанд.
Боиси қаноатмандист, ки миёни Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Шурои Исломии Эрон гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ фаъолияти назаррас менамояд.
Рушди ҳамкориҳои мустақими байнипарлумонӣ, фаъол намудани фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Маҷлиси Шурои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, баргузории мулоқоту машваратҳои мунтазами байни вакилони ду кишвар ва табодули таҷриба дар самтҳои қонунгузорӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Итминон дорам,-гуфт Шермуҳаммад Шоҳиён, - ки гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонҳои Тоҷикистон ва Эрон метавонанд ба яке аз воситаҳои муассири таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ табдил ёфта, барои шиносоии бештар бо таҷрибаи давлатӣ ва парлумонии якдигар имкониятҳои нав фароҳам созанд.
Бояд зикр намуд, ки дар заминаи робитаҳои байнипарлумонии кишварҳоямон қадамҳои устуворе гузошта шудаанд. Имрӯз вақти он расидааст, ки ин ҳамкориҳоро густариш диҳем. Мо метавонем дар ҷодаи табодули ҳайатҳои байнипарломунӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами якдигар дар низоми қонунофарӣ, иттилоотонӣ ҳамкориҳои судмандро тақвият бахшем.