Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи Парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.
Ба хотири арҷгузорӣ ба қаҳрамонон, фидоиён ва бузургони миллати тоҷик меҳмонон дар пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.
Дар кори ҷаласа Дабири кулл ва котиботи Ассамблеяи парламентии Осиё, роҳбарону ҳайатҳои парламентии зиёда аз 20 давлати аъзои созмони бонуфуз иштирок доранд. Дар маросими ифтитоҳи ҷаласаи Кумита раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ба сухан баромада, зикр намуд, ки парламентҳо на танҳо қонун қабул менамоянд, балки барои ташаккули фазои эътимод, таҳкими таҳаммулпазирӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва рушди устувор низ масъулияти муҳим доранд.
Ассамблеяи парламентии Осиё ба яке аз минбарҳои муҳимми муколамаи байнипарламентӣ табдил ёфта, барои наздик намудани мавқеъҳо, табодули таҷрибаи қонунгузорӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои муштараки ҳалли масъалаҳои мубрами минтақа имкониятҳои васеъ фароҳам овардааст.
Осиё гаҳвораи тамаддунҳои бузург, фарҳангҳои куҳан, забонҳо, анъанаҳо ва эътиқодҳои гуногун мебошад.
Гуногунрангии тамаддунӣ ва фарҳангии қитъаи мо бояд на ҳамчун омили ҷудоӣ, балки ҳамчун сарвати муштарак ва заминаи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми мутақобил ва ҳамкорӣ хизмат намояд.
Таърихи инсоният собит намудааст, ки пешрафти воқеии ҷомеа танҳо дар фазои сулҳ, эҳтиром ба фарҳанг ва ҳувияти дигарон, муколама ва ҳамзистии созанда имконпазир аст.
Аз ин рӯ, вазифаи мо – вакилони парламентҳо аз он иборат аст, ки бо истифода аз имкониятҳои дипломатияи парламентӣ ба аз байн бурдани монеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, густариши робитаҳои байни халқҳо ва таҳкими фарҳанги сулҳ мусоидат намоем.
Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф қайд намуд, ки баргузории ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи Парлумонии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе рӯйдоди муҳиммест дар самти ҳамкориҳои байнипарламентӣ ва рушди парламентаризми минтақавӣ ва байналмилалӣ.
Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Ватанзода Маҳмадалӣ зикр намуд, ки фаъолияти Ассамблея ба густариши робитаҳои байнипарламентӣ, мусоидат ба сулҳу субот, рушди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин табодули таҷрибаи қонунгузорӣ байни кишварҳои аъзо равона гардидааст, муҳим мебошад.
Ноиби раиси амалкунандаи Ассамблеяи Парламентии Осиё, намояндаи Подшоҳии Баҳрайн, Ҷаноби доктор Аҳмед Алсалум ва Котиби генералии Ассамблеяи Парлумонии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ низ ба сухан баромада, доир ба нақша ва вазифаҳои Кумита маълумоти муфид манзур намуданд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ аз ҷумла иброз дошт, ки Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз сохторҳои калидии Ассамблея буда, масъалаҳои ҳифзи гуногунрангӣ ва мероси фарҳангӣ, рушди инсонӣ, тандурустӣ, иштироки занон дар фаъолияти парламентӣ, ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакону ҷавонон, муколамаи байнидинӣ, сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои дорои аҳаммияти иҷтимоию фарҳангиро дар бар мегирад.
Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои интихоби Бюро, гузориши Котиби генералӣ, муҳокимаҳои умумӣ, баррасии лоиҳаҳои қатъномаҳо ва вазъи занони вакил дар Осиё пешниҳод гардида, баррасӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласа таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.