Имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо раиси Комиссияи Сенати Шоҳигарии Камбоҷа оид ба ҳуқуқи инсон, қабули шикоятҳо ва тафтишот муҳтарам Чанпал Энги мулоқот намуд.
Гуфта шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Шоҳигарии Камбоҷа дар доираи созмонҳои байналмилалӣ рушд карда истодаанд. Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар соли 2019 дар Душанбе ва мулоқоти навбатӣ дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус дар соли 2025 бо Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа аз марҳилаҳои муҳимми рушди муносибатҳои дуҷониба ба шумор мераванд. Бо мақсади рушди ҳамкории байнипарлумонӣ ва табодули таҷрибаи қонунгузорӣ Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Шоҳигарии Камбоҷа таъсис дода шудааст.
Мо ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи муколамаи сиёсӣ, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Камбоҷа изҳор менамоем. Дар ин замина, мо ба таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқӣ, рушди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, такмили захираҳои инсонӣ, инчунин ба роҳ мондани робитаҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи мутақобилаи ҷонибҳо аҳаммияти махсус медиҳем. Мо Ассамблеяи парламентии Осиёро майдони муносиб барои рушди робитаҳои байнипарлумонӣ, густариши ҳамкориҳои байни кумитаҳои соҳавӣ ва табодули таҷрибаи қонунгузорӣ медонем. Аз фаъолияти Шоҳигарии Камбоҷа дар доираи Ассамблеяи парламентии Осиё қаноатманд буда, омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ бо Шоҳигарии Камбоҷа дар ин самт таъкид менамоем, -афзуд Мавсума Муинӣ.