Имрӯз Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторзода Абдуҷабор бо Дабири кулли Маҷлиси намояндагони Подшоҳии Баҳрайн Муҳаммад Ал Сиси Ал Буайнайн мулоқот намуд.
Зикр шуд, ки мулоқоти имрӯза дар арафаи оғози ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё баргузор гардида истодааст. Ассамблеяи парламентии Осиё на танҳо минбари муҳимми муколамаи сиёсӣ миёни парламентҳои кишварҳои Осиё, балки фазои муносиб барои барқарор намудани робитаҳои мустақими касбӣ байни сохторҳои парламентӣ низ мебошад.
Боиси зикр аст, ки муносибатҳои дипломатии ду кишвар 20 майи соли 1995 барқарор гардида, дар ин давра робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ тадриҷан тавсеа ёфтанд.
Дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба робитаҳои дӯстона ва эътимодноки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Подшоҳии Баҳрайн Аълоҳазрат Шайх Ҳамад ибни Исо Оли Халифа нақши муҳим доранд.
Таъкид гардид, ки робитаҳои мустақим байни дастгоҳҳои парламентҳо метавонанд ба рушди умумии ҳамкориҳои байнипарламентӣ мазмун ва самти нави амалӣ бахшанд.
Мо ҷонибдори он ҳастем, ки байни Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дабири кулли Маҷлиси намояндагони Подшоҳии Баҳрайн робитаҳои мунтазами корӣ ба роҳ монда шаванд.
Ба назари мо, табодули таҷриба дар самтҳои таъмини ташкиливу ҳуқуқии фаъолияти парламент, омодасозии ҷаласаҳои пленарӣ ва кумитаҳо, кор бо санадҳои қонунгузорӣ, рушди муносибатҳои байналмилалӣ, масъалаҳои протоколӣ, иттилоотию таҳлилӣ ва такмили низоми идоракунии ҳуҷҷатҳо барои ҳар ду ҷониб судманд хоҳад буд, -изҳор намуд Абдуҷабор Сатторзода.