Имрӯз Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо роҳбари ҳайати Подшоҳии Баҳрайн Ҷаноби Олӣ Аҳмад Алсаллум мулоқот намуд.
Зикр шуд, ки муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Подшоҳии Баҳрайн бар пояи эътимод ва эҳтиром бунёд ёфта, бо иродаи сиёсии роҳбарони ду кишвар рушду тавсеа меёбанд. Муносибатҳои дӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Подшоҳии Баҳрайн Аълоҳазрат Шайх Ҳамад ибни Исо Оли Халифа барои рушди робитаҳои дуҷониба заминаи арзишманд гузоштаанд.
Гурӯҳҳои дӯстӣ, ҳамкории кумитаҳои соҳавӣ, мубодилаи таҷрибаи қонунгузорӣ ва сафарҳои мутақобилаи вакилон метавонанд ин робитаҳоро боз ҳам устувор созанд. Муколамаи парламентӣ бояд ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши ҳамкориҳо мусоидат намояд. Ҳадафи мулоқоти имрӯзаи мо баррасии муносибатҳои дуҷониба дар доираи Ассамблеяи парламентии Осиё ва муайян намудани роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои байнипарламентӣ мебошад. Ба назари мо, Ассамблея метавонад майдони рушди робитаҳои байнипарламентӣ, густариши ҳамкории кумитаҳои соҳавӣ ва табодули таҷрибаи қонунгузорӣ бошад.
Мо ба рушди муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Баҳрайн бо эҳтиром ва назари нек менигарем.
Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги обию энергетикӣ, имкониятҳои васеи кишоварзӣ, захираҳои табиӣ ва иқтидори рӯзафзуни саноатӣ мебошад.
Баҳрайн бошад, бо таҷрибаи худ дар соҳаҳои молия, сармоягузорӣ, тиҷорат ва рушди бахши хусусӣ барои мо шарики ҷолиб аст.
Пайванди ин имкониятҳо метавонад ба манфиати иқтисоди ду кишвар ва мардумони мо бошад.
Энергетикаи «сабз», саноат, кишоварзӣ, коркарди маҳсулот, инфрасохтор ва сайёҳӣ метавонанд самтҳои нави ҳамкории мо гарданд.
Тоҷикистон ва ҷаҳони араб робитаҳои қадимаи фарҳангӣ ва тамаддунӣ доранд. Табодули донишҷӯён, олимон, омӯзгорон ва аҳли фарҳанг низ метавонад ин робитаро зинда ва устувор нигоҳ доранд, -изҳор намуд Мавсума Муинӣ.