Имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо Котиби генералии Ассамблеяи Парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ мулоқот орост. Дар мулоқот, инчунин, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода ва роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Абдуҷабор Сатторзода низ иштирок намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкориҳо бо Ассамблеяи Парламентии Осиё, рушди фарҳангу маънавиёт ва масоили иҷтимоӣ изҳори назар намуданд. Гуфта шуд, ки баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳо ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва дӯстии миёни халқу миллатҳо мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Ассамблеяи парламентии Осиё (АПО) яке аз ниҳодҳои муҳимми ҳамкории байнипарламентӣ дар қитъаи Осиё буда, парламентҳои кишварҳои аъзоро барои рушди муколама, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва баррасии масъалаҳои дорои аҳаммияти муштарак муттаҳид менамояд. Фаъолияти Ассамблея ба густариши робитаҳои байнипарламентӣ, мусоидат ба сулҳу субот, рушди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин табодули таҷрибаи қонунгузорӣ миёни кишварҳои аъзо равона гардидааст.