Тавре хабар дода будем рӯзҳои 24 – 27 сентябри соли 2026 бори нахуст дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баргузор мегардад.
Имрӯз ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Кумита Котиби генералии Ассамблеяи Парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмони воломақомро муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.