Имрӯз Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Шерализода Муҳамадулло бо вакили Бундестаги Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаноби Штефан Майер мулоқот намуд. Қайд гардид, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон 28 феврали соли 1992 барқарор гардида, тайи солҳои сипаришуда робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, илму маориф ва фарҳанг тадриҷан рушд ёфтаанд.
Заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Олмон низ пайваста ташаккул ёфтааст. То имрӯз байни ду кишвар 42 санади дуҷониба, аз ҷумла 31 созишномаи байниҳукуматӣ, 10 созишномаи байниидоравӣ ва як изҳороти муштарак ба имзо расидааст.
Дар соҳаи иқтисодию тиҷоратӣ низ робитаҳо рушд доранд. Ҳаҷми савдои дуҷониба миёни Тоҷикистону Олмон дар соли 2025 134 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Солҳои охир қолаби ҳамкории «Осиёи Марказӣ – Олмон» низ ба яке аз абзорҳои муҳимми муколама табдил ёфтааст. Дар доираи ин қолаб масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Тоҷикистон дорои имкониятҳои васеъ дар соҳаи гидроэнергетика мебошад ва рушди энергетика, аз ҷумла истифодаи манбаъҳои таҷдидпазири энергия, яке аз самтҳои муҳимми рушди иқтисоди миллии мо ба ҳисоб меравад.
Робитаҳои байнипарламентӣ қисми муҳимми муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон мебошанд.
Боиси хушнудист, ки байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бундестаги Олмон гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ фаъолият менамоянд. Маҷлиси намояндагон ҳамчун мақоми қонунгузор тавассути такмили заминаи ҳуқуқӣ, тасдиқи шартномаҳои байналмилалӣ ва назорати иҷрои қонунҳо метавонад барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак мусоидат намояд.