Имрӯз Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода бо ҳайати Кумитаи кишоварзӣ ва корҳои деҳоти Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин мулоқот намуд.
Гуфта шуд, ки мо масъалаҳои кишоварзиро, ки бевосита ба амнияти озуқаворӣ, шуғли аҳолӣ ва некуаҳволии сокинони деҳот алоқаманд мебошад, баррасӣ менамоем.
Барои Тоҷикистон рушди кишоварзӣ қисми муҳимми рушди миллӣ ба ҳисоб меравад.
Мо ба тавсеаи ҳамкорӣ бо Чин дар самти технологияҳои муосири кишоварзӣ, истифодаи самараноки захираҳои об ва замин, обёрӣ, тухмипарварӣ, коркарди маҳсулот ва омода намудани мутахассисон манфиатдор ҳастем, - зикр кард Рустам Латифзода .
Таҷрибаи Чин дар рушди комплексҳои муосири агросаноатӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ барои мо таваҷҷуҳи хос дорад.
Имрӯз рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ барои соҳаи кишоварзӣ низ имкониятҳои нав фароҳам меоранд. Мо бояд саъй намоем, ки технологияҳои муосир ба мардум — деҳқонон, истеҳсолкунандагон ва сокинони деҳот — манфиати воқеӣ расонанд.
Тоҷикистон барои рушди боғдорӣ, токпарварӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ имкониятҳои мусоид дорад.
Дар ин замина Барномаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байни Ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин то соли 2030, ки моҳи июни соли 2025 ба имзо расидааст, аҳаммияти муҳим дорад.
Мо умедворем, ки татбиқи он ба рушди боғдории интенсивӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот ва тавсеаи имкониятҳои содиротии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Ба мо зарур аст, ки табодули мутахассисонро густариш диҳем, ҳамкориҳоро байни муассисаҳои таълимӣ ва илмии соҳаи кишоварзӣ рушд намоем, имкониятҳоро барои таҷрибаомӯзӣ ва табодули амалии таҷриба фароҳам созем.
Боварӣ дорем, ки эътимоди мутақобила, эҳтиром ва дӯстии самимии байни халқҳои мо заминаи устувори рушди минбаъдаи муносибатҳои моро ташкил медиҳанд.
Қайд гардид, ки парламентҳои ду кишвар минбаъд низ дар таҳкими шарикии стратегии Тоҷикистону Чин саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.