Имрӯз Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода бо ҳайати Кумитаи кишоварзӣ ва корҳои деҳоти Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин мулоқот орост.
Зикр шуд, ки Тоҷикистон ва Чинро муносибатҳои дӯстонаи мустаҳкам, ҳамсоягии нек ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ба ҳам мепайванданд. Дар тули 34 соли муносибатҳои дипломатӣ кишварҳои мо роҳи бузургеро тай намудаанд. Имрӯз муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар сатҳи ниҳоят баланд қарор доранд. Ба онҳо эътимоди сиёсӣ, эҳтироми мутақобила ва дастгирии пайвастаи манфиатҳои дарозмуддати якдигар хос мебошад.
Дар ин раванд иродаи сиёсӣ ва таваҷҷуҳи шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин нақши муҳим доранд.
Созишномаҳои дар сатҳи олӣ бадастомада имкониятҳои васеъро барои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегии мо фароҳам меоранд. Дар ин раванд ҳамкориҳои байнипарламентӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Парламентҳо такягоҳи муҳимми муносибатҳои дуҷониба мебошанд. Онҳо барои муколамаи доимӣ, табодули таҷриба ва таъмини қонунгузорӣ ва созишномаҳои дар сатҳи олӣ бадастомада имконият фароҳам меоранд.
Тоҷикистон муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегиро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин баланд арзёбӣ менамояд.
Мо ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои мустақим байни Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин манфиатдор ҳастем. Рушди ҳамкорӣ байни кумитаҳои соҳавиро махсусан муҳим арзёбӣ менамоем.
Мо ба он боварем, ки ҳамкориҳои зичи парламентӣ ба таҳкими минбаъдаи эътимоди мутақобила ва ҳамкории амалӣ байни кишварҳои мо мусоидат хоҳад кард, - изҳор намуд дар фарҷоми суҳбат Азиз Гиёзода.