Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона баргузор шуд.
Файзалӣ Идизода зикр намуд, ки барои миллати куҳансолору фарҳангпарвари тоҷик расидан ба Истиқлолияти давлатӣ танҳо як санаи тақвимӣ нест, балки он бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, рамзи соҳибихтиёрӣ, озодии миллӣ, эҳёи давлатдории тоҷикон, ифтихор ва номуси ватандорӣ, асоси рушди бемайлони кишвар ва хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон аст.
Дар натиҷаи татбиқи сиёсати санҷидаю бобарор, андешидани тадбирҳои оқилонаву одилона, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон корҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ анҷом дода шуданд.
Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон роҳҳо, пулҳо, нақбҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва иншооти дигар бунёд ва навсозӣ гардиданд. Нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон» ва «Хатлон» барои баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ ва беҳ шудани робитаҳои нақлиётӣ миёни минтақаҳои кишвар мусоидат намуданд.
Яке аз самтҳои муҳимми рушди Тоҷикистон соҳаи энергетика мебошад. Сохтмон ва ба истифода додани неругоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва марҳилаҳои гуногуни сохтмони иншооти аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои афзоиши иқтидори энергетикии кишвар аҳаммияти калон дошта, барои расидан ба ҳадафи муҳимми сиёсати энергетикии Тоҷикистон - таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди устувори иқтисоди миллӣ тадриҷан нақши сазовор гузошанд.
Пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе ба маркази муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар табдил ёфта, дар он як қатор иншооти нодиру замонавӣ бунёд гардиданд, ки ин ҳама бевосита ба нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъсири мусбат гузоштанд.
Дар ин раванд парламенти кишвар низ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ нақши муҳим дорад. Маҷлиси намояндагон дар доираи салоҳияти конститутсионии худ дар таҳкими асосҳои ҳуқуқии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, такмили қонунгузорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои пешрафти ҷомеа саҳми назаррас мегузорад.
Имрӯз ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи захираҳои об, пиряхҳо ва масъалаҳои муҳимми экологӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд.
Чанде қабл аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани қатънома оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027-2036), дастоварди муҳим ва бозгӯи талошҳои пайгирона ва саҳми арзишманди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳу субот тавассути таҳкими бисёрҷонибагароӣ, муколама ва ҳамкории байналмилалӣ мебошад.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия Ашурзода Ғиёсиддин, раиси Кумита оид илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Саидвализода Барно ва раиси Комиссияи экологӣ Амирзода Ориф дар назди ҳозирин оид ба аҳаммияту моҳияти истиқлолияти давлатӣ ва роҳҳои расидан ба он, дастовардҳои меҳнаткашони кишвар дар зарфи 35 соли истиқлолият маълумоти ҷолиб пешниҳод намуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш ба ифтихори ин ҷашни мубораку фархунда - 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд нафар кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонда шуданд. Инчунин, ба муносибати ин санаи муборак якчанд нафар кормандони дигари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.