03.09.26 Имрӯз таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шуро масъалаҳо оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ», Созишнома оид ба пешниҳоди маблағгузории муътадилгардонӣ дар шакли қарз байни Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон», Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд вобаста ба лоиҳаи «Таҳкими шабакаи тақсимоти барқ дар шаҳри Кӯлоб дар робита ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Хатлон», инчунин масъалаҳо дар бораи сафари Гиёзода Азиз Қодир ба шаҳри Санкт-Петербург, дар бораи сафари ду ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Самарқанд пешниҳоду баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.