02.09.26 Имрӯз дар китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Рушди ҳуқуқи инсон дар даврони 35 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон”доир шуд, ки дар он муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Мавсума Муинӣ зикр намуд, пойдевори ҳар як давлати демократӣ ҳимоя ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди соҳибистиқлолӣ бо қабули Конститутсияи соли 1994 арзишҳои инсон ва ҳуқуқҳои ӯро ба мақоми олии ҳуқуқӣ баровард. Ин интихоби сиёсӣ ва ҳуқуқӣ нишон медиҳад, ки давлат дар маркази фаъолияти худ инсонро мегузорад ва тамоми низоми ҳуқуқиро барои ҳифзи манфиатҳои ӯ равона месозад.
Арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, инчунин кафолати ҳифзи онҳо нишонаи асосии давлати ҳуқуқбунёд аст, ки Тоҷикистон онро дар сатҳи қонуни асосии худ муқаррар намудааст.
Бояд қайд кард, ки шинохти инсон ҳамчун арзиши олӣ дар анъанаҳои афкори ҳуқуқии ниёгони мо низ ҷойгоҳи сазовор касб намуда, дар низоми ҳукуқии имрӯза ба таври арзанда ва сазовор инъикос ёфтааст. Ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хизмат кардааст.
Меъёрҳои Эъломияи Куруши Кабир то имрӯз моҳияти худро гум накардаву истифодашавии онҳо дар санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ба чашм мерасад.
Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон 6 ноябри соли 2025 зимни иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО қабул гардидани қатънома таҳти унвони “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ” далели ин гуфтаҳост.
Қатънома аҳаммияти таърихӣ ва маънавии “Устувонаи Куруш”-ро ҳамчун яке аз нахустин санадҳои башардӯстона, ки арзишҳои озодии виҷдон, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ ва ҳамзистии осоиштаро тарғиб менамояд, таъкид месозад.
Қабул гардидани санади зикршуда ба таҳкими арзишҳои умумибашарӣ, густариши ҳамдигарфаҳмӣ миёни тамаддунҳо ва мусоидат ба рушди муколамаи фарҳангҳо дар доираи ЮНЕСКО саҳми арзанда мегузорад.
Ҳукумати кишвар барои таҳким ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳуқуқи кӯдак, пешгирӣ ва бартараф кардани табъиз нисбати занон, ҳуқуқҳои шахсони маъюб, пешгирӣ ва ҷазои истифодаи шиканҷа ва дигар муомилаи ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф тадбирҳои мушаххас андешидааст.
Дар ин робита, Тоҷикистон барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар арсаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии худ бо гузоришгарони вежаи Шурои ҳуқуқи инсони СММ ҳамкорӣ менамояд ва аз соли 2005 инҷониб бо даъвати расмии ҷониби кишвари мо як қатор гузоришгарони махсус ва коршиносони мустақил ба кишвар сафар карда, вазъи ҳуқуқи инсонро дар соҳаҳои мухталиф (аз ҷумла озодии баён, ҳуқуқи занон, пешгирии шиканҷа ва ғайра) омӯхтаанд ва тавсияҳои худро пешниҳод намудаанд.
Чунин иқдомоти мамлакат, аз омода будани Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо механизмҳои ҳуқуқи инсон шаҳодат медиҳад.
Илова бар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳои худро дар асоси механизми байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла пешниҳоди ҳисоботи даврӣ ба Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон иҷро менамояд.
Дар замони муосири бархурди манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ мо шоҳиди нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ гашта истодаем, ки дар навбати худ таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсонро халалдор месозад.
Нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ дар шароити муосир бо нодида гирифтани принсипҳои бунёдии Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид (монанди дахлнопазирии марзҳо, истиқлолият ва истифода накардани зӯроварӣ ва диг.), заъфи ниҳодҳои назоратӣ ва афзоиши низоъҳои геополитикӣ тавсиф мешавад, ки суботи глобалиро ба таҳдид рӯ ба рӯ кардаанд. Мудохилаи низомӣ ба корҳои давлатҳои соҳибистиқлол, истифодаи зӯроварӣ ва поймолкунии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона; истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ ба манфиатҳои геополитикии худ ва нодида гирифтани қарорҳои созмонҳои байналмилалӣ – ин танҳо баъзе аз амалҳое, ки давлатҳои абарқудрат дар ҳалли масъалаҳои байнидавлатӣ раво мебинанд.
Мо шоҳиди он шуда истодаем, ки ҳуқуқи байналмилалӣ, ки бояд сулҳи ҷаҳониро таъмин намояд, дар давраи зиддияти давлатҳои абарқудрат аз иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда намебарояд.
Низоми мавҷудаи ҳуқуқи байналмилалӣ наметавонад ба худсарии бавуҷудомада, ки дар он амалинамоии манфиатҳои давлатҳои ҷудогона бо роҳи тақлиди ҳалномаҳои ҳуқуқӣ ва ё бидуни ягон меъёр сурат мегирад, муқобилият намояд.
Имрӯз, ки ҷаҳон бо афзоиши низоъҳои мусаллаҳона, буҳронҳои сиёсиву гуманитарӣ ва дигар таҳдидҳои фаромиллӣ рӯ ба рӯ аст, зарурати тақвияти ҳамбастагии байналмилалӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави таҳкими сулҳ беш аз пеш эҳсос мешавад.
Дар чунин шароит аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабули қатъномаи махсус аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони "Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (солҳои 2027-2036)" аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимми ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.
Қатънома зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ кардани низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид менамояд.
Қатъномаи мазкур бори дигар таъкид мекунад, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест. Он муҳити мусоидеро дар бар мегирад, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳифз гардида, адолати иҷтимоӣ таъмин ва ҳамкории созандаи байни давлатҳо рушд меёбад.
Қабули қатъномаи мазкур ба замоне рост омад, ки дар минтақаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдидҳои гуногуни амниятӣ ва ҷангҳои хонумонсӯз дучор мебошанд.
Он, бешак, аз хислати сулҳофариву ваҳдатпарварии миллати тоҷик сарчашма гирифта, ҳамакнун саҳме дар таҳкими пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии фарҳанги сулҳ хоҳад буд.
Боз як қатъномае, ки Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид онро бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намудааст эълон гардидани соли 2027 ҳамчун Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ мебошад.
Ин ташаббус дар амалисозии пурраи ҳуқуқи инсон ва таҳкими волоияти қонун дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Он инчунин бо уҳдадориҳои байналмилалии кишвар дар соҳаи ҳуқуқи инсон мувофиқат карда, бори дигар аз омода будани Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи уҳдадориҳои худ дар доираи механизмҳои ҳуқуқи инсон шаҳодат медиҳад.
Тавре қайд гардид, Тоҷикистон дар раванди амалӣ намудани сиёсати худ ба масъалаи эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таваҷҷуҳи махсус равона намуда, дар сатҳи конститутсионӣ инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ маънидод карда, давлат ва мақомоту сохторҳои онро муваззаф намудааст то ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро мавриди ҳимоя қарор диҳанд.
Дар татбиқи воқеии ин вазифаҳо ҷойгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Парламент) басо муҳим арзёбӣ мегардад. Ҳангоми татбиқи принсипи бунёдии демократия – яъне ифода ва амалисозии иродаи халқ – мақоми қонунгузор дар фаъолияти хеш дар таъсиси кафолатҳои ҳуқуқӣ, моддӣ, сиёсӣ ва ташкилии ҳуқуқу озодиҳо, инчунин дар эҷоди механизмҳои дохилии ҳифзи ҳуқуқи инсон бевосита иштирок мекунанд.
Вазифаи асосии мақомоти қонунбарори кишвар ин бо дарназардошти муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ таҳия ва қабул намудани қонунҳое мебошад, ки баҳри пойдории асосҳои сохтори конститутсионии мамлакат, амнияти давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сиҳатии аҳолӣ, ахлоқи ҷомеа равона гардидаанд.
Дар ин самт, аз ҷониби Маҷлиси Олии кишвар як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки баҳри шинохти инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ равона гардидаанд.
Новобаста ба он, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар кадом соҳаи муносибатҳои ҷамъиятӣ қабул мегарданд ва кадом муносибатҳои ҷамъиятиро танзим менамоянд, мантиқан дуруст аст, агар иброз намоем, ки ҷавҳари аслии ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки аз ҷониби мақомоти қонунбарори кишвар қабул мешаванд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад. Зеро, қонунҳо танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳастанд ва субъекти асосии бавуҷудоранда ва иштироккунандаи ин муносибатҳо инсон аст. Пас, инсон дар маркази таваҷҷуҳи дилхоҳ санади меъёрии ҳуқуқӣ қарор дорад ва онҳо баҳри таъмин намудани манфиатҳои ӯ қабул карда мешаванд.
Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.