31.08.26 Имрӯз вохӯрии вакили Маљлиси намояндагон Собирзода Ғафурҷон бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Ҷӯра Раҳмон, Қаратоғ ва Работ доир шуд. Нахуст масъулини шањр ва Собирзода Ғафурҷон ба муассисаи таълимии рақами 52 ташриф оварда, бо фаъолон ва омӯзгорон суҳбати самимӣ доир намуда, ба шахсоне, ки дар сохтмони бинои нави таълимӣ ҳиссагузорӣ намуданд, сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода тақдим гардид.
Сипас, масъулин ва Собирзода Ғафурҷон дар муассисаи таълимии рақами 21-и ҷамоати ба номи Ҷура Раҳмонов бо сокинон ва фаъолон дидору мулоқот анҷом доданд. Бояд тазаккур дод, ки бинои нави муассисаи таълимии рақами 21 соли равон зимни сафари кории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода ифтитоҳ гардида буд. Дар ин асно роҳбарияти шаҳр барои саҳмгузорон ва фаъолон миннатдорӣ баён намуда, ба онҳо сипоснома ва ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзодаро тақдим намуданд.
Ҳамин гуна мулоқот бо фаъолон ва омӯзгорон дар муассисаи таълимии рақами 70 доир шуд. Дар ин ҷо низ ба чанде аз фаъолон дар фазои тантанавӣ сипосномаҳо тадим гардид.
Боздид ва мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Ғафурҷон дар ҷамоати деҳоти Қаратоғ идома ёфт. Дар ин гӯшаи хоки ватан масъулин бо сокинон ва фаъолоне, ки дар бунёди бинои иловагии таълимгоҳи рақами 91 саҳмгузорӣ намуданд, мулоқот анҷом доданд. Таъкид шуд, ки иншооти нави соҳаи маориф туҳфаи арзанда ба истиқболи сазовори ҷашни муқаддасу таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба шумор рафта, солиёни зиёд барои таълиму тарбияи насли наврас хизмат мекунад.
Вакили мардумӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш дар деҳоти Работ мулоқоти сайёр анҷом доданд. Дар ин ҷо низ дар заминаи муассисаҳои таълимии рақами 66 ва 100 биноҳои нави таълимӣ бунёд шудааст.
Дар охир масъулин ба деҳаи дурдасти Работ ташриф оварданд. Дар ин роҳбарияти шаҳр ва вакили мардумӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19 дидан карданд. Тибқи иттилои масъулин таълимгоҳ мувофиқи лоиҳа аз 2-ошёна ва 24 синфхона иборат буда, дар наздиктарин фурсат сохта ба истифода дода мешавад.