31августи соли 2026 дар деҳаи Андароби Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ Матробиён Саодатшо бо интихобкунандагон, фаъолон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои Ҷамоат баргузор гардид.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки баргузории чунин вохӯриҳо барои таҳкими робитаи мустақими вакилони мардумӣ бо интихобкунандагон, баррасии масъалаҳои мубрами рӯз, шиносоӣ бо пешниҳоду дархостҳои сокинон ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда аҳамияти муҳим доранд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Матробиён Саодатшо зимни суханронии худ оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон, рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дурнамои рушди соҳаҳои гуногуни кишвар маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Ҳамзамон, номбурда оид ба омодагӣ ва таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, нақшу ҷойгоҳи ин неъмати муқаддаси миллӣ ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро таҳти сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим арзёбӣ намуд.
Таъкид гардид, ки имрӯз дар саросари кишвар ба истиқболи ҷашни муқаддасу таърихии 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои созандагию ободонӣ, бунёди иншооти иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва рушди ҳамаҷонибаи Ватани маҳбубамон бо маром идома доранд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои иштирокдорон посух гуфта, ҷиҳати баррасӣ ва мусоидат дар ҳалли масъалаҳои пешниҳодгардида изҳори омодагӣ намуд.