28.08.26 Имрӯз бахшида ба 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори «Моҳвораи истиқлол», ки бо қарори Раёсати КИМ ҲХДТ аз 22 июли соли 2026, №4 тасдиқ шудааст, инчунин бахшида ба 15 - солагии таъсисёбии ТҶҶ «Созандагони ватан» таҳти унвони «Истиқлолият, ҷавонӣ ва созандагӣ» беш аз 110 нафар роҳбарону намояндаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар - ҷавонони фидокор аз бинои нави парламенти кишвар боздид ба амал оварданд.
Дар оғоз мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо иштирокчиёни Форум доир шуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба нақши ҷавонон дар ҷомеа, дастгирӣ ва ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати насли ҷавону созанда ва бунёдкор, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар, ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти насли ҷавон дар таҳкими дастовардҳои даврони Истиқлолият мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мавсума Муинӣ ҷавононро ба донишомӯзӣ, ташаббускорӣ, фаъолияти созанда ва истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати кишвар ҳидоят намуда, таъкид кард, ки ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузошта метавонанд.
Зимни боздид ҷавонон бо меъморӣ, шароити корӣ ва имкониятҳои техникии бинои нави Парламенти кишвар шинос шуда, аз толорҳои маҷлис, китобхона, маркази технология ва коммуникатсия ва дафтарҳои кории вакилону кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дидан карданд.
Мулоқот дар фазои самимӣ ва созанда баргузор гардида, барои иштирокчиёни форум ҳамчун дарси муҳимми маърифати сиёсӣ ва шаҳрвандӣ арзёбӣ гардид.