Тавре хабар дода будем дар доираи ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим, экология ва ҳифзи пиряхҳо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявиро дар мавзуи «Ҳифзи пиряхҳо - омили муҳимми таъмини ояндаи дурахшони инсоният» эълон намуда буд.
Дар маросими ҷамъбасти озмун, ки имрӯз баргузор гардид, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода иштирок намуда, ба ҳамаи иштирокчиён ва ғолибони озмун барори кори эҷодӣ ва дастоварду мувофаққиятҳои боз ҳам бештарро таманно намуд.
Дар шаҳри Душанбе моҳи июни соли 2025 якҷо бо сохторҳои марбутаи Созмони Милали Мутаҳҳид Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор карда шуд. Ҳамзамон, санаи 25-28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бо иштироки намояндагони беш аз 110 кишвари дунё бо теъдоди 2500 нафар, 75 ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин бо иштироки беш аз 300 хабарнигорони ватанию хориҷӣ, баргузор карда шуд.
Тавре Сарвари давлат-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, «бо вуҷуди пешравиҳо дар соҳаи об, ҷаҳон ҳанӯз ҳам бо як зумра мушкилиҳое рӯ ба рӯ мебошад, ки раванди ноилшавӣ ба Ҳадафи рушди устувор, бахусус, Ҳадафи шашуми рушди устуворро душвор кардааст», зеро далелҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки то соли 2050 талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба оби нӯшокӣ 25 фоиз афзоиш меёбад ва ин зарурати истеҳсолӣ 50 фоиз бештар маводи ғизоиро барои аҳолии рӯ ба афзоиш, тақозо менамояд.
Ёдовар мешавем, ки беш аз 50 нафар иштирокчиёни фаъол ва ғолибони озмун аз се номинатсияи эълоншуда ба мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Амирзода таъкид намуд, ки баргузории чунин озмунҳо ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ва фарҳангу маданияти экологӣ мусоидат хоҳад намуд.