29 августи соли ҷорӣ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ванҷ № 40 Давлатзода Ҳаким дар Ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвоз бо интихобкунандагон, фаъолон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия баргузор гардид.
Зикр шуд, ки Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, ки баъд аз садсолаҳои зиёди ҷонбозиҳо ва заҳмати басо сангину азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи мо ба даст омад – неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзишест, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид.
Давлатзода Ҳаким зимни суханронӣ оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон, татбиқи сиёсати созанда ва дурнамои рушди соҳаҳои гуногуни кишвар маълумот пешниҳод намуда, таъкид кард, ки ҳифзи манфиатҳои мардум ва баррасии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти вакилон ба ҳисоб меравад.
Таъкид гардид, ки чунин вохӯриҳо барои таҳкими робитаи бевоситаи вакилони мардумӣ бо интихобкунандагон, баррасии масъалаҳои мубрами рӯз ва шиносоӣ бо пешниҳодҳои сокинон аҳаммияти муҳим доранд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагон ба саволҳои иштирокдорон посух қонеъкунанда дода, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар оянда низ ба корҳои ободонӣ ва созандагӣ саҳми бештар гузоранд.