27.08.26 Имрӯз дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳрорзода Шӯҳрат ва Набизода Тоҳир бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Аҳрорзода Шӯҳрат оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон, раванди қонунгузорӣ, масъалаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ ва нақши вакилон дар ҳалли масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи интихобкунандагон маълумот пешниҳод намуд.
Набизода Тоҳир доир ба самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат, рушди соҳаҳои гуногун ва масъалаҳои марбут ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ андешаронӣ кард.
Зикр шуд, ки дар ин давра аз ҷониби сокинони кишвар ба Маҷлиси намояндагон қариб 700 муроҷиат ва арзу шикоят ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ворид гардид, ки аз он 384 муроҷиат ба таври хаттӣ ва беш аз 312 муроҷиат ба таври шифоҳӣ пешниҳод шудааст.
Маҷлиси намояндагон фаъолияти байналмилалии худро дар партави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома дода, барои таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ, тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ тадбирҳои муассирро амалӣ намуд.
Таъкид гардид, ки робитаи мустақими вакилон бо интихобкунандагон барои сари вақт муайян ва баррасӣ намудани масъалаҳои ҳалталаб аҳамияти муҳим дорад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ интихобкунандагон фикру андеша, масъала ва пешниҳодҳои худро ба вакилон пешниҳод намуда, ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.