26.08.26 Имрӯз дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо ҳайати шахсии Раёсат вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Дилноза Аҳмадзода баргузор гардид.
Зикр гардид, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихи навини Тоҷикистон буда, маҳз дар заминаи соҳибистиқлолӣ барои ташаккули давлати миллӣ, таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлатдорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва боло рафтани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам омад.
Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, барқарорсозии сохтори давлатӣ, рушди институтҳои давлатдорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои пешрафти кишвар махсус таъкид гардид.
Гуфта шуд, ки дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон марҳилаҳои муҳими ташаккули давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро тай намуда, низоми қонунгузорӣ ва институтҳои давлатӣ пайваста такмил ёфтанд.
Таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, тағйирёбии муҳити геополитикӣ ва афзоиши таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм, ҷинояткории фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ, ҳифзи суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунад.
Дар ин робита, мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун яке аз ниҳодҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқ ва таъминкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти таъмини амният, пешгирии ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба давлат нақши муҳим доранд.
Вакили Маҷлиси намояндагон Дилноза Аҳмадзода таъкид намуд, ки фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бояд ҳамеша ба талаботи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва принсипҳои адолат, қонуният, масъулият ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон такя намояд.
Дар фарҷом миёни иштирокчиён оид ба масъалаҳои мубрами ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, таҳкими қонуният ва таъмини амнияти ҷомеа мубодилаи афкор сурат гирифт.