26 август дар толори хоҷагии ба номи Сафар Ҷумаев мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Кушониён №27, Сафарзода Ҳукмиддин бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарону масъулони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолон ва имомхатибон доир шуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, пешрафти соҳаи кишоварзӣ, истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои обу замин, таъмини амнияти озуқаворӣ, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Вакил аз роҳи пуршарафу пурифтихори Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик неъмати бебаҳо, сарчашмаи давлатдории миллӣ ва заминаи устувори рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардид. Ҳамчунин, оид ба омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, аҳли ҷомеа ба саҳмгузории фаъолона дар корҳои созандагиву ободонӣ, нигоҳдории тозагиву сарсабзии маҳал, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ даъват карда шуданд.
Дар идомаи мулоқот иштирокчиён ба вакили мардумӣ саволу дархостҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас ва дахлдор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳо василаи муҳими таҳкими робитаи мустақими вакилони мардумӣ бо интихобкунандагон буда, барои шиносоӣ бо масъалаҳои воқеии ҷомеа, шунидани пешниҳоду дархостҳои сокинон ва мусоидат ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ аҳаммияти калон дорад.