26.08.26 Имрӯз дар деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент мулоқоти муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ва вакили Маҷлиси намояндагон Парвиз Шодизода бо интихбкунандагон баргузор шуд.
Зимни мулоқот ба ҳозирин аз таърихи ба истиқлол расидани кишвар, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу салоҳ, ниҳодҳои давлати навини тоҷикон,аз як кишвари ҷангзада ба давлати рӯ ба рушд табдил шудани Тоҷикистон, ташаббусҳои кишвари мо, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд, ёдрас карда шуд.
Таъкид шуд, ки дар даврони истиқлол дар Тоҷикистон лоиҳаҳои бузурге дар соҳаҳои роҳу нақлиёт,энергетика амалӣ шуда, ба истиқболи ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатӣ ҳазорҳо иншооти таъиноти иҷтимоию. истеҳсолӣ бунёд карда шуданд.
Дар фарҷоми мулоқот интихобкунандагон фикру мулоҳизаҳояшонро аз нақши истиқлоли давлатӣ дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ баён дошта, ҷонибдориашонро аз сиёсати дохилию хориҷии кишвар изҳор намуданд.
Инчунин, аз омодагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 72, шаҳраки Саразм ба соли нави таҳсил, маҳфили ҳунаромӯзии муассиса шинос гардида, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.