26.08.26 Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарони қисми низомии 02011В Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолони Ҷамоати деҳоти Заршуёни ноҳияи Сангвор мулоқот намуд.
Файзалӣ Идизода зикр намуд, ки гузашти айём моро ба ҷашни бошукуҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки дастоварди бузургтарини миллати тоҷик мебошад, расонид.
Дар ин марҳилаи таърихӣ Тоҷикистони азизи мо ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ ба пешрафту дастовардҳои назаррас ноил гашт.
Дар ҳаёти парламентии кишварамон бошад, чун ҳамеша Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» рӯйдоди муҳимтарин буд.
Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16-уми декабри соли 2025 дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.
Дар Паём Сарвари давлат ҷиҳати пешбурди пурсамари сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, андозу гумрук, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар замони зудтағйирёбанда ва пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир барои ҳар як давлат ва миллат доштани Қувваҳои Мусаллаҳи аз ҷиҳати донишу малака пешрафта, ҷисман обутобёфта ва бо техникаву технологияи муосир муҷаҳҳаз гардида муҳим ва зарур мебошад.
Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ бо талошу ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва фароҳам овардани заминаи сулҳу субот, оромии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ саҳми бориз доранд. Тайи ин солҳо ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо роҳнамоӣ ва сарварии бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқати худро ба халқу Ватан ва давлат борҳо собит сохтааст. Махсусан, дар айёми ниҳоят ҳассосу тақдирсози солҳои аввали соҳибистиқлолӣ – давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки хатари парокандашавии миллат ва аз байн рафтани давлати тоҷикон таҳдид мекард, қарзи ватандӯстии хешро содиқона иҷро намуд».
Таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад.
Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки мо рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишварро таъмин карда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем”.
Воқеан агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад.
Дар фарҷоми мулоқотҳо интихобкунандагон ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода саволу дархостҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои саҳеҳу қонеъкунанда гирифтанд.
Суҳбату вохӯрӣ ва мулоқотҳо бо интихобкунандагон идома дорад.