25.08.2026 Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Шоҳмансур №3, Амирзода Ориф иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 35 соли соҳибистиқлолӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ободониву созандагӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик оғози марҳилаи нави давлатсозӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устувори кишвар мебошад. Дар ин давра бо роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таҳким ёфта, барои рушди иқтисодиёт, соҳаҳои иҷтимоӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ғайра шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Қайд гардид, ки корҳои ободониву созандагӣ дар саросари кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур бо мақсади беҳтар намудани шароити зиндагии мардум вусъат меёбанд.
Ҳамзамон, ба нақши ҷавонон дар рушди минбаъдаи давлат, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва идомаи корҳои созандагӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Зикр гардид, ки таҷлили 35-солагии Истиқлолиятим давлатӣ бояд барои ҳар як шаҳрванд ҳамчун омили таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ хизмат намуда, ҳар як сокинро ба саҳмгузорӣ дар ободии Ватан ҳидоят намояд.
Мулоқот дар фазои созанда баргузор гардида, иштирокчиён ба саволу дархостҳои худ ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.