25 августи соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ №2 вохӯрии вакили маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Вахш 32, Абдусаломзода Мунаввар бо фаолони Ҷамоати шаҳраки Вахш баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ доир ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 35-соли соҳибистиқлолӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди устувори иқтисоди миллӣ ва пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа андешаронӣ карда шуд.
Таъкид шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, бунёду таҷдиди иншооти муҳими давлатӣ ва иҷтимоӣ, рушди инфрасохтор, беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия, рушди муассисаҳои тандурустӣ ва фарҳангӣ, инчунин ободонии шаҳру ноҳияҳо ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлат табдил ёфтааст.
Дар идомаи мулоқот нақши сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи сулҳу субот, таъмини ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат муҳим арзёбӣ гардид.
Зикр гардид, ки яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолӣ ҳифз ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз фазои сулҳу субот имкон фароҳам овард, ки неруи созандаи ҷомеа ба ободонӣ, рушди иқтисод ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум равона карда шавад.
Ҳамзамон, ба нақши ҷавонон дар рушди минбаъдаи давлат, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва идомаи корҳои созандагӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки насли ҷавон бояд дастовардҳои даврони истиқлолро қадр намуда, бо дониш, меҳнати софдилона ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузорад.