25 август вохӯрии Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Саидвализода Барно дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо интихобкунандагони ҷамоатҳои деҳоти Даштиҷум ва Теҳрай баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ доир ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди устувори иқтисоди миллӣ ва пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа андешаронӣ сурат гирифта, қайд гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми мо танҳо ба даст овардани соҳибистиқлолии сиёсӣ набуда, балки оғози марҳилаи нави давлатсозӣ, эҳёи худшиносии миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди ҳамаҷонибаи кишвар маҳсуб меёбад.
Дар ин давра Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол роҳи созандагӣ ва рушди устуворро пеш гирифта, дар ин раванд барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ободонии мамлакат ва таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар тадбирҳои таҳкимбахш мавриди иҷро қарор дода шуданд.
Зикр карда шуд, ки яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ҳифз ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз фазои сулҳу субот имкон фароҳам овард, ки неруи созандаи ҷомеа ба ободонӣ, рушди иҷтимоӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум равона карда шавад.
Дар мулоқот ба масъалаҳои рушди соҳаи маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, беҳдошти шароити зиндагии мардум, ободии маҳал, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, тарбияи дурусти ҷавонону наврасон дар роҳи тарғиби худшиносию худогоҳии миллӣ, донишандӯзӣ ва пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва дигар масъалаҳои муҳиму афзалиятноки замони муосир таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Қайд гардид, ки маҳз ҷаҳду талош ва татбиқи сиёсати дурусти давлат ва Ҳукумати мамлакат заминаҳои рушди устувори мамлакатро мустаҳкам ва кишвари моро таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ соҳибэҳтиром гардонид.
Интихобкунандагон оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллӣ, ободонии кӯчаю деҳа, истифодаи самараноки захираҳои дохилӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ба вакил мурочиат намуда, ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.