26 август дар ҷамоати Ева, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидӣ Дилафрӯз бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба дастовардҳои даврони истиқлол, рушди иқтисоди миллӣ ва саҳми ҳар як шаҳрванд дар ободии Ватан мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вакил зимни суханронӣ таъкид кард, ки тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон роҳи пурпечутобро тай намуда, аз марҳилаи барқарорсозии давлат ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ба марҳилаи нави созандагӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ расидааст.
Сохтмони роҳҳо ва нақбҳо, рушди энергетика, татбиқи ҳадафҳои саноатикунонии босуръат, рушди соҳаи кишоварзӣ ва густариши инфрасохтори иҷтимоӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳимми сиёсати созандаи давлат ба ҳисоб мераванд.
Дар ин замина дастовардҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ махсус таъкид гардиданд. Аз ҷумла, саҳми кишоварзони ноҳия дар таъмини амнияти озуқавории кишвар, рушди истеҳсолоти саноатӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ мавриди зикр қарор гирифт.
Ҳамзамон, ба фаъолият оғоз намудани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли равғани растании «Зуҳал», коргоҳи маҳсулоти пластикии «Чаврок» ва истеҳсоли қуттиҳои картонӣ ҳамчун нишонаи густариши иқтидори истеҳсолии ноҳия арзёбӣ гардид.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки вазифаи марҳилаи имрӯза танҳо афзоиши истеҳсолот набуда, балки коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби ҷавонон ба касбомӯзӣ ва истифодаи технологияҳои муосир мебошад.
Интихобкунандагон низ дар рафти вохӯрӣ ба масъалаҳои рушди маҳалл таваҷҷуҳ намуда, саволу пешниҳодҳои худро баён карданд. Вакил ба саволҳои интихобкунандагон посухҳои қонеъкунанда дода, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар корҳои созандагӣ ва ободонӣ боз ҳам фаъолтар бошанд.