24 августи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Қасри фарҳанги деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидӣ Дилафрӯз ва Ҳакимзода Ҳомидҷон бо интихобкунандагон доир шуд.
Зимни мулоқот вакилон бо интихобкунандагон оид ба дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, ҳифзу арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандон дар ҳаёти ҷомеа корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд. Гуфта шуд, ки дар кишварамон садҳо километр роҳҳои автомобилгарди байналмилаливу ҷумҳуриявию маҳаллӣ таъмиру бозсозӣ шуд. Садҳо мактабу беморхона, кохи фарҳангу толори варзиш, корхонаву меҳмонхона ва дигар иншооти муҳимми замонавӣ бунёд гашт ва ин ҷаҳду талоши созандагиву ободкорӣ бо ҷӯшу хурӯш идома дорад.
Вакилон бо овардани мисолҳои мушаххас таъкид намуданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъат гирифтаанд.