24-уми августи соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Шоҳмансур шаҳри Душанбе вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон, фаъолон ва намояндагони ташкилоту муассисаҳои ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Шоҳмансур №3 - Амирзода Ориф ва вакили Маҷлиси намояндагон Ниёзӣ Нуралӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Амирзода Ориф оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, рушди иқтисоди миллӣ, корҳои созандагию бунёдкорӣ ва дигар самтҳои муҳими рушди кишвар маълумот пешниҳод намуд. Гуфта шуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишварамон садҳо километр роҳҳои автомобилгарди байналмилаливу ҷумҳуриявию маҳаллӣ таъмиру бозсозӣ шуд. Садҳо мактабу беморхона, кохи фарҳангу толори варзиш, корхонаву меҳмонхона ва дигар иншооти муҳимми замонавӣ бунёд гашт ва ин ҷаҳду талоши созандагиву ободкорӣ бо ҷӯшу хурӯш идома дорад.
Дар ин давра Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. 12-уми декабри соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд.
Ниёзӣ Нуралӣ ба масъалаҳои рушди соҳаи сохтмон ва энергетика, аз ҷумла бунёди иншооти гидротехникӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, нақши ин соҳаҳоро дар рушди устувори кишвар муҳим арзёбӣ намуд.
Дар вохӯрӣ иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра андеша ва пешниҳодҳои худро баён намуданд.Вакилони Маҷлиси намояндагон ба саволҳои иштирокдорон посухҳои қонеъкунанда доданд.