25.08.26 Имрӯз дар толори маҷлисҳои Ҷамоати деҳоти Саразм мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссия оид ба одоби вакилон Шодизода Парвиз бо интихобкунандагон бахшида ба 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Тазаккур дода шуд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо туҳфаҳои арзанда ва меҳнати софдилона сазовор истиқбол намуда истодаанд ва низ дар ин самт фаъолияти худро баҳри ободонию бунёдкорӣ судманд тавсеа хоҳанд бахшид.
Гузашта аз ин таъкид гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳо ва роҳнамоиву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар бобати таҳким бахшидани фаъолият дар самти саноатикунонии босуръат, дастгирии бахши хусусӣ, ҷалби сармояи мустақим, таъмини саривақтиву сифатноки нақшаи воридотии андозҳо ба буҷет, инчунин суръат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад.
Дар кишварамон садҳо километр роҳҳои автомобилгарди байналмилаливу ҳумҳуриявию маҳаллӣ таъмиру бозсозӣ шуд. Садҳо мактабу беморхона, кохи фарҳангу толори варзиш, корхонаву меҳмонхона ва дигар иншооти муҳимми замонавӣ бунёд гашт ва ин ҳаҳду талоши созандагиву ободкорӣ бо ҳӯшу хурӯш идома дорад.
Дар фарҳоми мулоқот вакил ба талабу дархостҳои аҳли толор посухҳои қонеъкунанда манзур карда намуд.