Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миршакар Ҷалолзода бо фаъолон ва сокинони ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон мулоқот намуд.
Миршакар Ҷалолзода зикр намуд, ки як бахши муҳими кори мо - вакилон фаъолияти намояндагӣ маҳсуб мешавад. Ин масъулияти бузург моро водор мекунад, ки бо мардум робитаи зич дошта бошем, ҳар як арзу пешниҳоди шаҳрвандонро бишунавем, барои рафъи мушкилоти сокинони кишвар тамоми кӯшишу таҷрибаи хешро ба харҷ диҳем ва дар ғаму шодии интихобкунандагон шарик бошем.
Дархостҳои интихобкунандагон бо пешниҳоди вакилон дар Шурои Маҷлиси намояндагон таҳлилу баррасӣ гардида, муҳимтарини онҳо барои чораҷӯӣ ба Ҳукумати кишвар ирсол шуданд.
Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузургтарини миллати тоҷик мебошад. Тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ дар кишварамон садҳо километр роҳҳои автомобилгарди байналмилаливу ҷумҳуриявию маҳаллӣ таъмиру бозсозӣ шуд. Садҳо мактабу беморхона, кохи фарҳангу толори варзиш, корхонаву меҳмонхона ва дигар иншооти муҳимми замонавӣ бунёд гашт ва ин ҷаҳду талоши созандагиву ободкорӣ бо ҷӯшу хурӯш идома дорад.
Дар тули зиёда аз 35 соли истиқлол бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор гирифта, дар ин самт ислоҳоти амиқ ва пайгирона амалӣ гардид.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ сиёсати давлатии ҷавонон ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мубаддал гардид.
Бо мақсади ташаккули заминаи ҳуқуқии соҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», стратегияву консепсия ва барномаҳои миллӣ қабул гардида, механизми дастгирии ҷавонон такмил дода шуд.
Имрӯз ҷавонон зиёда аз нисфи аҳолии мамлакатро ташкил дода, ҳамчун неруи асосии рушди ҷомеа дар тамоми бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ фаъолият доранд.
Дар фарҷом иштирокдорони мулоқот ба вакили Маҷлиси намояндагон саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.