25 августи соли равон дар толори Қасри фарҳангии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Дар мулоқот Латифзода Рустам Барот - раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназар - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №30, Холбойзода Неъматулло Холбой - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳимми рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, пешрафти соҳаи кишоварзӣ, истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои обу замин, таъмини амнияти озуқаворӣ, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Вакилон дар суханрониҳои худ аз роҳи пуршарафу пурифтихори Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик неъмати бебаҳо, сарчашмаи давлатдории миллӣ ва заминаи устувори рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардид.
Ҳамчунин, оид ба омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, аҳли ҷомеа ба саҳмгузории фаъолона дар корҳои созандагиву ободонӣ, нигоҳдории тозагиву сарсабзии маҳал, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ даъват карда шуданд.
Дар фарҷоми мулоқот иштирокчиён саволу пешниҳодҳои худро ба ба вакилон пешниҳод намуда, ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳо василаи муҳими таҳкими робитаи мустақими вакилони мардумӣ бо интихобкунандагон буда, барои шиносоӣ бо масъалаҳои воқеии ҷомеа, шунидани пешниҳоду дархостҳои сокинон ва мусоидат ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ аҳаммияти калон дорад.