25.08.26 Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо интихобкунандагон дар Ҷамоатҳои деҳоти Чилдара ва Тавилдараи ноҳияи Сангвор мулоқот намуд.
Файзалӣ Идизода зикр намуд, ки истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию ҳуқуқӣ ба даст оварда шавад.
Ба роҳ мондан ва татбиқи чор ҳадафи стратегӣ дар даврони истиқлолият - таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, таъмини саноатикунонии босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул имконият фароҳам овард, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар рушд ёбад ва такони ҷиддие дар сатҳи некуаҳволии ҷомеа ба амал ояд.
Ба пешвози сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон карданд. Дар кишварамон садҳо километр роҳҳои автомобилгарди байналмилаливу ҷумҳуриявию маҳаллӣ таъмиру бозсозӣ шуд.
Садҳо мактабу беморхона, кохи фарҳангу толори варзиш, корхонаву меҳмонхона ва дигар иншооти муҳимми замонавӣ бунёд гашт ва ин ҷаҳду талоши созандагиву ободкорӣ бо ҷӯшу хурӯш идома дорад.
Дар ин давра Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. 12-уми декабри соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд.
Дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ - Ваҳдате, ки Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро дар баробари Истиқлолияти давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон арзёбӣ намудаанд, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» қатънома қабул намуд.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 130 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 1 кодекс, 8 қонуни мукаммал, 3 қонуни конститутсионӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 32 қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо ва 86 қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо, қабул намуд.
Ҳамчунин беш аз 50 барномаи давлатӣ, созишномаву шартнома, қарордоду аҳднома, конвенсияву ёддошт, протоколу номаи табодулӣ, ки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати кишварҳои дигар, созмонҳои молиявию бонкҳои сармоягузорӣ ба имзо расида буд, тасдиқ карда шуд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» 18-умин қонуни авф буд, ки дар даврони истиқлолият аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гашт. Ва вакилони мардумӣ барои қабули он якдилона раъй доданд.
Доираи татбиқи Қонуни мазкур зиёда аз 18 ҳазор нафарро дар бар мегирад.
Дар ин давра аз ҷониби сокинони кишвар ба Маҷлиси намояндагон қариб 700 муроҷиат ва арзу шикоят ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ворид гардид, ки аз он 384 муроҷиат ба таври хаттӣ ва беш аз 312 муроҷиат ба таври шифоҳӣ пешниҳод шудааст.
Дар фарҷоми мулоқот интихобкунандагон ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода саволу дархостҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои саҳеҳу қонеъкунанда гирифтанд.
Суҳбату вохӯрӣ ва мулоқотҳо бо интихобкунандагон идома дорад.