25.08.26 Имрӯз вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғанизода Шуҳрат ва Ҳалимзода Ғулом бо интихобкунандагон - сокинони касбу кори гуногуни шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор гардид.
Зикр гардид, ки ба пешвози сазовори ҷашни муқаддас ва бузурги миллиамон - 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон карданд. Ва ин пешниҳод на танҳо мақомоти давлатӣ, балки ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва тамоми мардуми шарафманди мамлакатро водор намуд, ки бо камоли масъулият дар бунёдкорию ободонӣ ва амалӣ намудани сиёсати ватандӯстонаи роҳбарияти мамлакат саҳм гиранд.
Дар кишварамон садҳо километр роҳҳои автомобилгарди байналмилаливу ҷумҳуриявию маҳаллӣ таъмиру бозсозӣ шуд. Садҳо мактабу беморхона, кохи фарҳангу толори варзиш, корхонаву меҳмонхона ва дигар иншооти муҳимми замонавӣ бунёд гашт ва ин ҷаҳду талоши созандагиву ободкорӣ бо ҷӯшу хурӯш идома дорад. Аз миёни онҳо бинои дар Осиёи Марказӣ беназири Театри миллии Тоҷикистон, варзишгоҳи комилан замонавии футбол ва меҳмонхонаҳои бо сабки навтарини меъморӣ сохташудаи пойтахтро ҳамчун намуна ном бурдан мумкин аст.
Дар ин давра Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 130 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 1 кодекс, 8 қонуни мукаммал, 3 қонуни конститутсионӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 32 қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо ва 86 қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо, қабул намуд.
Ҳамчунин беш аз 50 барномаи давлатӣ, созишномаву шартнома, қарордоду аҳднома, конвенсияву ёддошт, протоколу номаи табодулӣ, ки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати кишварҳои дигар, созмонҳои молиявию бонкҳои сармоягузорӣ ба имзо расида буд, тасдиқ карда шуд.
Дар фарҷоми мулоқот интихобкунандагон бо саволу пешниҳодҳои худ ба вакилон муроҷиат намуда, ҷавобҳои саҳеҳу қанеъкунанда гирифтанд.