25.08.26 Вакили Маҷлиси намояндагон Саидзода Фирдавс зимни мулоқот доир ба дастовардҳои 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои созандаву ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуда, нақши онҳоро дар таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид гардид, ки дар давоми 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои назаррас ба амал омадаанд.
Саидзода Фирдавс дар суханронии худ ба аҳаммияти таърихии Истиқлоли давлатӣ таваҷҷуҳ намуда, иброз дошт, ки истиқлол барои мардуми Тоҷикистон имконият фароҳам овард, то давлатдории миллӣ таҳким ёфта, заминаҳои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат фароҳам оварда шаванд.
Қайд гардид, ки солҳои соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон давраи бунёдкорӣ, созандагӣ ва рушди босубот ба ҳисоб рафта, дар ин давра садҳо иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд гардида, роҳҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар иншооти муҳими инфрасохторӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Дар идомаи мулоқот вакил оид ба ташаббусҳои созанда ва байналмилалии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, таъкид кард, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаҳои об, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои муҳими глобалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд. Ин ташаббусҳо барои муаррифии бештари Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва ҷонибдори сулҳу субот дар арсаи байналмилалӣ аҳаммияти муҳим доранд.