24 августи соли ҷорӣ дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ҷайҳун №33 Иброҳимзода Неъматулло бо интихобкунандагон, фаъолон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия баргузор гардид.
Таъкид гардид, ки чунин вохӯриҳо барои таҳкими робитаи бевоситаи вакилони мардумӣ бо интихобкунандагон, баррасии масъалаҳои мубрами рӯз ва шиносоӣ бо пешниҳодҳои сокинон аҳамияти муҳим доранд.
Иброҳимзода Неъматулло зимни суханронӣ оид ба дастовардҳои 35- соли Истиқлолият, хизматҳои шоёни Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ кишвар, фаъолияти Маҷлиси намояндагон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи амнияти кишвар, татбиқи сиёсати созанда ва дурнамои рушди соҳаҳои гуногуни кишвар маълумот пешниҳод намуда, таъкид кард, ки ҳифзи манфиатҳои мардум ва баррасии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти вакилон ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи вохӯрӣ иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар мушкилоти рӯзмарра андеша ва пешниҳодҳои худро баён намуданд. Вакили Маҷлиси намояндагон ба саволҳои иштирокдорон посух гуфта, ҷиҳати баррасии масъалаҳои пешниҳодгардида изҳори омодагӣ намуд.
Дар фарҷоми мулоқот таъкид гардид, ки баргузории чунин вохӯриҳо барои таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳалли саривақтии масъалаҳои ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад.